ВКД иттилоъ медиҳад, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ дар пайи аризаи марди 33-солаи сокини деҳаи Зарбдори ноҳияи мазкур, ки гуфта мешавад, “шаби 8-ум ба 9-уми декабри соли 2019, тахминан соати 02:30, шахси номаълум аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Намуна”, 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳунро бо гумони дуздӣ дастгир кардаанд.

Зарари расонидашуда ба марди панҷиро 13000 сомонӣ рақам зада мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, марди гумонбари ҷайҳунӣ боз пас аз 10 рӯз, 29-уми декабр тахминан соати 12:00, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Меҳвар”-и ноҳияи Панҷ 2 сар гови дигарро, ки ба марди 37-солаи сокини деҳаи Юқори-хоҷа тааллуқ доштаанд, дуздидааст, “зарари расонидашуда 10000 сомониро ташкил медиҳад”.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад. Боздошти гумонбаршуда дар ҳолест, ки 4 сол қабл низ ба ҳамин монанд ҷиноят, шаби 24 ба 25-уми сентябри соли  2015 дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии 3 сокини деҳаи Сафедорони ҷамоати Озодагон ҳамин ноҳия рух дода буд. Он замон 10 сар гови Шарипов Афзал, Акбаров Борон ва Ятимов Исмонро шахсони номаълум дуздида буданд, вале бо гузашти беш аз чор сол кормандони милисаи ноҳияи Панҷ дуздонро пайдо накарданд. Дар бораи дуздида шудани чорво он замон дар ҳафтаномаи “Фараж” низ маводе нашр шуда буд ва ҷабрдидаҳо дар мавриди ҳолати аз куҷо гум шудану пайдо кардани пайи изи чархи мошин суҳбат карда буданд. Яке аз ҷабрдидаҳо Акбаров Борон, ки чор гови дуздидашуда ба ӯ таааллуқ дошт, гуфта буд, ду гови ҷӯшоӣ ва ду буққачаашро бо сабаби дурии роҳи хонааш, шаб дар заминҳои деҳқонӣ нигоҳ медошт.

— Субҳи барвақт, ҳангоме ки ба сари замин омадам, дидам, ки бандҳои говҳо аз байн бурида шудаанду мехҳо дар замин мустаҳкаманд. Фикр кардам, ки бандҳо канда шуда, говҳо дур рафтаанд, вале ҳарчанд гирду атрофро гаштам, нишоне аз онҳо пайдо накардам. Ҳолати канда шудани бандҳо маъмулӣ набуд, он ба буридан шабоҳат дошт. Баъдан ҳамсоязаминам Шарипов Афзал низ ба замини хоҷагии деҳқонияш ҳозир шуд ва аз набудани 4 говаш дарак дод. Мо ба ШВКД-и ноҳия занг задем ва аз ҳолати дузда шудани говҳо хабар додем. Дертар кормандони милиса омаданд ва изи чархи “Камаз” дар баландие, ки дар наздикӣ буд, пайдо карда шуд. Маълум гардид, ки говҳоро аз ин баландӣ ба “Камаз” бор кардаанд. Мо аз ҳисоби худамон милисаҳоро то ба бозорҳои Фархору Восеъ ва Ҷайҳун бурдем, вале асаре аз говҳо пайдо накардем. Хулоса, дар кофтукоб тахминан пули як гови дигарро сарф кардем, вале ҳамааш беҳуда, — гуфт Б. Акбаров.

Ҷабрдидаҳо гуфтанд, тахминан пас аз як сол на мақомоти милисаи ноҳия, балки кормандони Агентии зидди коррупсия, ду нафар сокини ноҳияи дигарро дар дуздии чорвои калони шохдори мардуми ноҳияи Панҷ боздошт кардаанд. Онҳоро дар дуздии наздики 50 сар гови сокинон муттаҳам карда, маблағи ҳар сар чорворо низ ба соҳибонашон баргардондаанд. Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, вақте онҳо ба шуъбаи милисаи ноҳия вобаста ба ҳолати боздошти говдуздон муроҷиат кардаанд, гӯё дуздон гуфта бошанд, ки онҳо аз деҳаи Сафедорон гов надуздидаанд.

“Бо гузашти чанд муддат диламон аз пайдо шудани говҳо хунук шуд ва дуздонро ба Худо супоридем”, — гуфтанд сокинони ҷабрдидаи деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here