Дидбонгоҳи сарҳадии “Файзободқалъа” дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ» пас аз таъмиру азнавсозӣ барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба истифода дода шуд.

Масъулин мегӯянд, дидбонгоҳ ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавӣ бунёд гардида, дорои утоқҳои корӣ ва хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Зимни ифтитоҳи ин дидбонгоҳ қайд гардид, ки сохтори низомӣ зодаи истиқлолият аст ва дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарину пурмасъулияттарин мебошад.

Ин аст, ки тамоми ҷузъу томҳои ин ниҳод аз рӯзҳои аввали таъсис то кунун уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ бо муваффқият иҷро карда истодааст.

Дар чорабинӣ фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси ноҳия Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус ва намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Сипас аз ҷониби шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Панҷ барномаи консерти барои ҳайати шахсӣ намоиш дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here