Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар масоҳати 6 га бунёди гармхона ба нақша гирифта шудааст. То имруз дар майдони  1, 5 га замин гармхонаи замонавӣ бунёд шуда, 20 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Бино ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабутови ноҳияи Панҷ Сайчаъфар Гурезов бо бунёди гархонаҳо дар майдони 6 га замин истеҳсоли маҳсулоти хушсифати маҳаллӣ афзоиш ёфта, шумораи ба кор фаро гирифтани сокинон ба 100 нафар хоҳад расид.

Ба гуфти ӯ, дар ин гармхонаҳо бештар помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ  ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш карда мешавад, ки ин дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат дар ҳама фаслҳои сол нақши муассир мегузорад.

Соҳибкор дар баробари бунёди гархона, сохтмонӣ сардхонаро ба нақша гирифтааст, ки дар нигоҳдорӣ ва таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фасли сол мусоидат менамояд.  

Ин тадбири муҳим ба хотири шоиста истиқбол кардан аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омада, дар ин баробар дар коҳиш додани сатҳи бокорӣ ва содироти маҳсулот ба дигар манотиқи кишвар нақши бориз хоҳад гузошт.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий