Раиси суди ноҳияи Панҷ Давлатманд Раҳимзода дар утоқи кориаш мавриди латукӯб қарор гирифта, ба ҷонаш сӯиқасд анҷом шудааст.

Аз Суди ноҳияи Панҷ рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо Faraj.tj ҳолати сӯиқасд ба ҷони Раҳимзодаро тасдиқ намуда, гуфтанд, ки ин амалро сокини 39 солаи ҷамоати шаҳраки Панҷ Диловар Олимов дар натиҷаи хусумат анҷом додааст.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, рӯзи 31-уми август дар суд парвандаи оилавӣ аз рӯи шикояти ҳамсари дуюми Олимов оид ба муқаррар намудани падарӣ ва рӯёнидани алимент мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва суд падари кӯдакон будани Олимовро дақиқ ва барои ҳар як фарзанди ӯ 130 сомонӣ алимент муқаррар намудааст. Аз ин ҳукми судя шаҳрванд Олимов норозигӣ баён карда, бо раисикунандаи мурофиа Раҳимзода ҷанҷол кардааст. Дар натиҷа кор ба дашному ҳақоратгӯӣ расида, Олимов зали судро тарк кардааст. Тахминан пас аз як соат, ки ҳама ором шудаанд, Олимов дубора дар идораи суд пайдо шуда, рост ба сӯи утоқи кории раиси суд рафтааст. Ба гуфтаи шоҳидон, муттаассифона, касе ҳам гумон намекард, ки ӯ дар бағал табар пинҳон карда овардааст. Олимов ба дохил даромада, ба Раҳимзода ҳамла кардааст ва бо пушти табар ба сари ӯ задааст. Дар натиҷа сари номбурда кафида хуншор гардидааст. Пас аз кашокаши зиёд ва садоҳои баланд чанд тан аз кормандони суд ва корафтодагон вориди утоқ шуда, раиси судро аз чанги ҳамлагар халос кардаанд, вале касе ҷуръати наздик шудан ба Диловари табарбадастро надоштааст. Олимов пас аз чунин “қаҳрамонӣ” озодона баромада рафтааст.

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ вобаста ба ин қазия маълумот надоданд ва гуфтанд, ки «бо ин савол ба Прокуратураи ноҳия муроҷиат кунед».

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бо шарти махфӣ мондани номаш гуфт, рӯзи 31-уми август, тақрибан соатҳои 14 ба 15 аз шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” табибонро фавран ба идораи суд даъват карданд.

— Раиси суд дарҳол ба беморхона расонида шуд. Дар натиҷаи ташхис хуномоси калон, хунравии зиёд ва хунпечии дохили чашми рост ва кафидани болои абрӯи рост мушоҳида карда шуд. Айни ҳол Раҳимзода Давлатманд бистарӣ аст ва ҳолаташ миёна мебошад. Раҳимзода қаблан микроинфаркт гирифта будааст, -гуфт манбаъ.

Аз суд гуфтанд, пас аз анҷоми ин амал дар пайи ҷустуҷӯ рӯзи дигар Диловар Олимов дастгир гардид ва феълан дар боздошт аст. Пас аз ин ҳодиса сару садо миёни мардум дар бораи “ҳуҷҷати девонагӣ” доштани ин сокини ноҳияи Панҷ зиёд шуд, вале дар суди ноҳия касали рӯҳӣ доштани Олимовро рад карда гуфтанд, ки “ ӯ 350 фоиз сиҳату саломат аст”.

Ёдовар мешавем, се моҳ қабл, 20-уми июн судяи суди ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён бо гумони гирифтани пора ба маблағи 1000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд ва шаби рӯзи дигар хонааш дар ҷамоати Озодагон оташ гирифт. Огоҳони ҳол ҳолати оташсӯзии хонаи судя Қурбониёнро дар ҷой доштани хусумат ва нобаробарӣ дар баррасии парвандаҳои оилавӣ аз ҷониби ӯ рабт медиҳанд. 

Қаблан, аз идораи оташхомӯшкунии ноҳияи Панҷ низ дар суҳбат бо Faraj.tj ин оташсӯзиро ғайримуқаррарӣ гуфта буданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, доманаи сӯхтор васеъ набудааст ва то омадани сӯхторхомӯшкунандагон он аллакай аз ҷониби ҳамсояҳо хомӯш карда шудааст. “Азбаски он шаб ҷиҳози пурқимат, аз қабили телевизор, яхдон ва дигар ашёи гаронбаҳо дар хона набуданд, ин ҳолат ба дуздӣ ва оташ задан шабоҳат дошт. Намояндагони мо муайян намуданд, ки оташ аз болои рахти хобе, ки дар як кунҷи хона буд, сар задааст ва метавон гуфт, ки сӯхтор сохта аст, зеро ягон нишонаи расиши кутоҳи барқӣ дар ноқилҳо ба мушоҳида нарасид».

Аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ низ қазияи сӯхтор дар хонаи Қурбониёнро «дӯздӣ ва аз байн бурдани изи ҷиноят» унвон карда буданд.

Ҳангоме ки ин мавод омода мешуд, аз ШВКД дар ноҳияи Панҷ дар суҳбат ба Faraj.tj гуфтанд, ки ҳамаи чор нафар гумонбарон дар оташсӯзии хонаи Қурбониён дастгир карда шуда, феълан парвандаи онҳо барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол гардидааст.

Судя Қурбонов Тоҷиддин чанд сол боз дар Суди ноҳияи Панҷ фаъолият мекунад ва бештар бо баррасии парвандаҳои оилавӣ машҳур аст. Наздикони ҷавононе, ки аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, аз ноадолатиҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо ва гаронии алименти муайянкардаи судя шикоят мекунанд.

Шамсулло Фозилов

PS.Қазияи раиси суд пайгирӣ мешавад ва тафсилоти бештар нашр хоҳанд шуд

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here