Дар шарҳи Панҷакент омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз бомаром идома дорад. Ҳамарӯза ҳазорон сокини шаҳру деҳоти Панҷакент дар доираи барномаи “40 рӯзи ободонӣ” ба ҳашари умумихалқӣ баромада, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгашту роҳҳоро обод намуда истодаанд.

Бо дастури ҳукумати шаҳри Панҷакент барои ободонии кӯчаҳои марказӣ ва гулу гулзоркунӣ 75 000 бех гулҳои гуногун, аз ҷумла питуния, амбарбӯиву заъфаронӣ, палма, лола ва дигар гулҳои зебо харидорӣ ва дар гулхонаҳои шаҳр ва атрофи бинову иншоотҳо шинонида шудаанд.

Сохтмону азнавсозии нншоотҳои ҷашнӣ аз қабилӣ варзишгоҳи марказӣ барои зиёда аз 5000 нафар, маҷмааи қасри ҷавонон бо 5 ошёна, бинои боғчаи бачагонаи дуошёна дар арафаи анҷомёбӣ ҳастанд. Ҳамчунин, дар ин замина сохтмони 2 пули мошингузар дар болои сойи “Зебон” бовусъат идома дорад.

Сохтмони варзишгоҳ ва пулҳоро КСМ-278 бо сарварии Олимҷон Саидов ва маҷмааи “Қасри ҷавонон”-ро ширкати “Манора” ба зима доранд.

Дар доираи қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, бояд ҷашни байналмиллалии Наврӯзи вилоятӣ дар шаҳри Панҷакент баргузор гардад ва эҳтимол аст, ки дар ин ҷашн меҳмонони воломақом ширкат варзанд.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here