Дирӯз Палатаи намояндагон импичменти Доналд Трампро эълон кард, бо вуҷуди ин, президент имкони хубе барои мондан дар Кохи Сафедро дорад.

Палатаи намояндагони ИМА рӯзи чоршанбе барои барканор кардани президент Доналд Трамп овоз дод. Трамп дар таърихи ин кишвар президенти сеюме шуд, ки чунин сарнавишт ба сараш омадааст. Аммо ягон нафар аз президенти пешини ИМА дар натиҷаи импчмент курсии худро тарк накардааст: Эндрю Ҷонсон ва Билл Клинтон аз ҷониби Сенат сафед карда шуданд ва Ричард Никсон пеш аз қарори Cенат, ки майли ба муқобили президент овоз додан дошт, истеъфо дод.

Ба импичмент ба иттиҳомоти суиистифода аз қудрат — моддаи аввали айбдоркунӣ — 230 нафар ҷонибдорӣ карданд ва 197 нафар муқобил баромаданд. 216 овоз барои ба тарафдории импичмент қабул кардан кофӣ буд. Раъйро барои моддаи якуми айбдоркунӣ нисбат ба Трамп намояндагони Ҳизби демократи ИМА доданд. Се демократ ва ҳама ҷумҳурихоҳон зидд овоз доданд. Овоздиҳӣ ба моддаи дуюми тақаллуб — монеа ба кори Конгресс — бо ҳамон натиҷаҳои аввал баргузор гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here