Имрӯз  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад, ки қарор аст дар он Эмомалӣ Раҳмон ба парламент паёми имсолаашро диҳад.

Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ президент Эмомалӣ Раҳмон ба парламенти мамлакат паёми навбатии худро, ки гуфта мешавад, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар мебошад, манзур менамояд.

Тасмим гирифта шудааст, ки ин паём тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ  ба таври мустақим пахш мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here