Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пайғом фиристодааст ва аз вай ибрози сипосу қаноатмандӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки Шавкат Мирзиёев аз даъвати Антониу Гутерриш ҷиҳати оташбаси ҷонибҳои даргир дар ин давраи мушкили пахши коронавирус ҷонибдорӣ намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Дар пайғоми оқои Гутерриш омадааст, ки даъват вайро хеле рӯҳбаланд намуд ва аз тарафи пешвоёни ҷаҳонӣ ва кишварҳои олам, ҳамчунин ҳамкорони минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони руҳонӣ вокунишҳои мусбат пайжо кард. Хоссатан, ба ин даъват ҷонибҳои даргир вокунишҳои мусбат нишон доданд.

Дабири кулли СММ қайд намудааст, ки  аз азият кашидани мардуми зиёди минтақаҳои таҳти даргириҳо нигарон аст ва, бар иловаи ин, пахши коронавирус ин нигаронии ӯро боз афзудааст. Барои ҳамин ҳама дар як радиф масъул мебошанд, ки аҳолӣ, ба вижа занону кӯдакон ва гурӯҳҳои маргиналӣ таҳти ҳимоят қарор гиранд.

-Дар ин робита ман аз саъй ва кӯшишҳои шумо ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба минтақаҳои осебдида, хусусан Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле минатдорам,-зикр шудааст дар пайғоми Антониу Гутерриш ба унвони Шавкат Мирзиёев.

Дабири кулли СММ дар пайи он ба чорабиниҳои ҷиддии ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нармсозии оқибатҳои иқтимоиву иқтисодии дунёгирии коронавирус ва ҳамкориҳои бевосита бо резидент-ҳамоҳангсози СММ баҳои баланд додааст.

Антониу Гутерриш ибрози умедворӣ кардааст, ки Ӯзбекистон минбаъд низ барои оташбаси муваққатии миёни ҷонибҳои даргир ва хатми ҷанги миёни онҳо, дар ҳалли пешазвақти масъалаҳои сиёсӣ ва суботу барқарорӣ дар ҷаҳон бо СММ ҳамкориҳояшро идома медиҳад.

-Ман аз кандашавии сарбанди обанбори вилояти Сирдарё хабар ёфтам ва андӯҳгин шудам. Мехоҳам ҳамрайъии худро бо мардуми Ӯзбекистон ва ҳамсояи он-Қазоқистон иброз дорам, ки аз оқибатҳои ин ҳодиса хеле осеб дидаанд. Ба ҳамкориҳои самарабахши ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон  ҷиҳати расонидани кумак ба ниёзмандон баҳои арзишмад медиҳам,-қайд намудааст дар охири пайғоми худ Антониу Гутерриш ба Шавкат Мирзиёев.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here