Шӯрои кор бо паноҳандагони Норвегия аз шиносоии теъдоде аз хонаводаҳои тоҷики узви ДИИШ ба ҳамроҳи шаҳрвандони Русия, Туркия ва Озарбойҷон дар Мавсили Ироқ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс мақомоти Ироқ ҳудуди 1400 зану кӯдак аз хонаводаҳои аъзои ДИИШ-ро дар Мавсил ҳангоми бозпас гирифтани ин шаҳр аз дасти террористҳо дар қароргоҳе нигаҳдорӣ мекунанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ будаанд.

Бино ба ин гузориш, бештари ин занон ва кӯдакон аз Туркия буда, дар миёни онҳо ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Русия низ қарор доранд. Ҳамчунин дар байн онҳо шаҳрвандон дигар кишварҳои осиёӣ ҳузур доранд ва танҳо чанд нафар аз онҳо шаҳрвандони Олмон ва Фаронса мебошанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамаи ин боздоштшудаҳо, яъне занону кӯдакон аз хонаводаи ҷангҷуёни хориҷии узви ДИИШ ҳастанд, ки дар шаҳри Мавсил пас аз шикасти ҷангҷуёни ДИИШ тавассути артиши Ироқ шиносоӣ шуданд.

Ҳамаи ин боздоштшудаҳо дар як қароргоҳ воқеъ дар ҷануби шаҳри Мавсил нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи як афсари амнияти ироқӣ, мақомоти Ироқ талош доранд, ки ҳуввияти ҳамаи ин занону кӯдаконро бо ёрии мақомоти кишварҳошон таъйид кунанд, зеро бештари онҳо шиносномаҳои кишварҳои худро надоранд.

Бар асоси суханони сухангӯи Шӯрои кор бо паноҳандагони Норвегия Милени Мерхем ки дар Ироқ дар миёни паноҳандаҳо фаъолият мекунад, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни ин 1400 нафар беш аз 10 хонавода мебошад. Шумораи дақиқи занон ва кӯдакон тоҷик мушаххас нест, зеро вуруд ба ин қароргоҳ мамнуъ аст. Ба гуфтаи вай, синни кӯдаконе, ки дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд аз кӯдакони навзод то навҷавон мебошад.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки пас аз зуҳури гурӯҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ аз соли 2014 то кунун беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин 2 кишвар сафар ва ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.

Добавить комментарий