Дар ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» Театри драммавии ба номи “Лоҳути”-ии шаҳри Душанбе барои намоиши “Фирдавсӣ” сазовори шоҳҷоиза гардид.

Ҷамъбасти озмуни мазкур дирӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони шинохтаи тоҷик ширкат варзиданд.

Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои намоишномаи “Хусрав ва Ширин” ва Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоишномаи “Қорӣ-ишкамба” сазовори ҷои аввал гардиданд.

Театри русии ба номи Маяковский барои “Тартюф” ва Театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд” сазовори ҷойи дуюм дониста шуданд. Мақоми сеюмро Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоишномаи “Карим девона” ва Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одил Назарови шаҳри Хуҷанд барои намоишномаи “Пораи дили модар” соҳиб гардиданд.

Ҳамзамон, ба номинатсияи “Беҳтарин нақши занона” Шогун Давлатбекова ҳунарпешаи Театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидови Душанбе ва Марина Ярмолик аз Театри русии ба номи Маяковский қадрдонӣ гардиданд.

Ба номинатсияи “Беҳтарин нақши мард” Хуршед Мустафоев ва Фирдавс Қосимов  ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона эътироф гардиданд.

Ба унвони беҳтарин коргардони фестивал Нозим Меликов аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сазовор дониста шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, 18 театри касбии кишвар намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинон карданд.

Добавить комментарий