Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии  масунияти одам (ВНМО) ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва ҳамкорӣ бо Барномаи ҳамоҳангсози созмони Миллали мутаҳид бо вируси норасои одам ва бемории пайдошудаи масуният санаи 1 декабр озмуни “Беҳтарин мавод”-ро барои кормандони васоити ахбори омма эълон менамояд.

Шартҳои озмун:

1. Ролики беҳтарин оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО (дар вақти аз 30 то 50 сония).

2. Беҳтарин мақола оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО дар матбуот ба ҳаҷми 2 саҳифа бо ҳарфи андозаи 14 ё дар вебгоҳ.

3. Беҳтарин барномаи телевизионӣ дар робита ба пешгирӣ ва огоҳонидани мардум дар бораи бемориҳои ВНМО дар вақти 5 дақиқа.

4. Беҳтарин барномаи радиоӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО дар вақти 5 дақиқа.

Бартарият ба он маводе дода мешавад, ки дар он роҳҳои мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО нишон дода шуда бошад, иттилоотонии мардум дар мавриди ин беморӣ инъикос гардида бошанд, рӯзгори гирифторони бемориҳои ВНМО нақл шуда бошанд, кам кардани тамғагузорӣ ва тамъиз дар онҳо нишон дода шуда бошад.

Ба озмун мавод бояд то санаи 28 декабри соли 2018 баъди нашр, чоп ва ё пахш дар ВАО пешниҳод карда шавад Озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемориҳои ВНМО аз тарафи баргузоркунандагон ҷамъбаст карда ғолибонро бо туҳфаҳои арзанда ва сертифакт  сарфароз гардонида мешавад.

Барои ҳар як номинатсияи озмун се ҷойи ифтихорӣ — аввал, дуюм ва сеюм муайян гардидаанд.

Добавить комментарий