Parstoday дар истинод ба сайти maxpark.com менависад, ки дар кулоҳхуди фармондеҳи сипоҳи русии асри 13-и мелодӣ Александр Невский, ки дар набарди сарнавиштсоз дар замистони соли 1242 муваффақ ба шикасти артиши Шветсия шуда буд, оёте аз Қуръон навишта шудааст.

Ин кулоҳхуд дар мӯзеи таърихии Кохи Керемл дар Маскав нигаҳдорӣ мешавад, ки рӯйи он ояи 13 сураи муборакаи “Саф”: «Насрум миналлоҳӣ ва фатҳунқариб ва баширил муъминина» (ёрии Худо ва пирӯзӣ наздик аст ва муъминонро башорат деҳ) ҳак шудааст.

Муаррихони русӣ мегӯянд, далели ҳак шудани ин оя рӯйи кулоҳхуди ин фармондеҳи русӣ, ширкат доштани сарбозони мусулмон дар сипоҳи вай будааст.

Сипоҳиёни рус дар замистони соли 1242 дар набарди шадид, рӯйи дарёчаи яхбастаи Чуд, дар шимоли Русия бо пирӯзӣ бар артиши шоҳи вақти Шветсия аз нуфузи ин кишвар ба дохили қаламрави Русия, ки таҳти султаи Урдуи заррин (Золотая орда),  ё хонҳои Муғул буд, ҷилавгирӣ карданд.

Ба гуфтаи таърихнигорон ҳузури сарбозони мусулмон дар сипоҳи ин фармондеҳи рус мӯҷиб шуд, ки ба дархости онон оёти ёдшудаи Қуръони карим рӯйи кулоҳхуди Александр Невский ҳак шавад ва дар ин набарди сарнавиштсоз аз Худованди ягона барои пирӯзӣ бар артиши шоҳи вақти Шветсия дархости ёрӣ намоянд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин кулоҳхудро солҳои баъд Михаил Романов, муассиси императории Романовҳо дар Русия бар сар мегузошт, ки акнун дар музеи таърихии Кохи Керемл, дар Маскав нигаҳдорӣ мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here