Ташкилоти ҷамъиятии занони маъюби «Остона» фаъолияташро дар ноҳияи Носири Хусрав оғоз кард.

5-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии созмони занони маъюби «Иштирок», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷавонону наврасон ва шахсони камтавон дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли деҳаи Хидирови ноҳияи Носири Хусрав аввалин ташкилоти ҷамъиятии занони маъюб бо номи «Остона» ба фаъолият шуруъ кард.

Меҳмононро хонандагони муассисаи таълимии №14 ва ҷавонону наврасон бо меҳру муҳаббати хос ва суруду тарона пешвоз гирифтанд.

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии занони маъюби «Остона» Озода Хидирова чорабинии мазкурро оғоз карда, гуфт:

— Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои духтарон, махсусан духтарони ноҳияҳои дурдаст, квота таъсис додааст, то озодона ва бе мушкилӣ таҳсил карда, дар ин ё он соҳа саҳми худро гузоранд.

Добавить комментарий