Осия Зулфоноваи шашсола, ки ба гуфтаи наздикон, ҳафтае қабл аз ҷониби се писарбачаи ноболиғ ба симтӯр баста оташ зада шуда, феълан дар шуъбаи наҷоти бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (“Ожоговий”) бистарӣ аст, ҷарроҳӣ шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 26-уми июн директори Маркази тиббии шаҳрии мазкур Ғуломҳайдар Маҳмадалиев ба “Фараж” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, ҷарроҳӣ рӯзи 25-уми июн аз ҷониби табиб Тоҳир Зубайдов сурат гирифт ва 35 дақиқа тӯл кашид.
—Дар ин муддат пӯстҳои сӯхтаву сиёҳшудаи бадани бемор тоза ва ба қисмати пой, миён ва даст, ки ҷароҳатҳои амиқ буданд, аз ҷойҳои солими баданаш пӯст гирифта, пайваст карда шуд. Сабаби ҷарроҳии зуд ва тоза кардани бадан аз пӯстҳои сӯхта он аст, ки организм моддаҳои заҳрнокро аз бофтаҳои мурда, ҷабида нагирад. Ҷарроҳӣ хуб гузашт, вале дар умум бемор вазнин аст. Ҳама дорувориҳо мерасад, — гуфт Ғ. Маҳмадалиев.
Бино ба гуфтаи табиб, айни ҳол 10 дарсади ҷароҳатҳои амиқи бадани бемор ҷарроҳӣ карда шудааст ва қиматҳои боқимондаи бадан пай дар пай ҷарроҳӣ хоҳад шуд.
Қаблан аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе ба “Фараж” гуфтанд, табобати ҳамаи тифлону наврасоне, ки бо ҷароҳатҳои сӯхтагии бадан ба бемористон қабул карда мешаванд, аз ҷониби Фонди хайриявии “Лона” сурат мегирад.
Фонди хайриявии “Лона” соли 2009 бо ибтикору дастгирии Раҳмон Озода Эмомалӣ, духтарбузурги Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки гуфта мешавад, дар ин муддати начандон тӯлонии фаъолияти худ аллакай ёрии амалияшро ба наврасони гирифтори бемориҳои саратон ва сӯхта расонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here