Ҷинояти одамкушӣ дер ё зуд ифшо мешавад ва гунаҳкорон албатта ҷазои аъмоли худро мегиранд. Ду ҳолати одамкушӣ, ки соли 1993 бо истифода аз яроқи оташфишон содир шуда буд, бо гузашти 25 сол ифшо шуданд ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Р.М., соли таваллудаш 1957, Қ.М., соли таваллудаш 1965 ва А.Н., соли тавалулдаш 1966, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудаанд.

Номбурдагон моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон А.З., соли таваллудаш 1958, Ф.М., соли таваллудаш 1965, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест ва Д.Б., соли таваллудаш 1966, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест, ба хонаи ҳамдеҳаи худ Қ.С., соли таваллудаш 1943 даромада аз он ҷо Н.Д., соли таваллудаш 1943-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки ба шаҳрванд А.Н. тааллуқ дошт, савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, охиронро бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” ба қатл расонидаанд. Барои дастгир кардани шаҳрванд, А.З. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шудааст.

18-уми сентябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Н.И., соли таваллудаш 1964, Ҳ.Э., соли таваллудаш 1968 ва Н.Ш., соли таваллудаш 1965, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон А.З., соли таваллудаш 1958, Р.Г., соли таваллудаш 1964, бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи шаҳрванд Қ.С., соли таваллудаш 1943, сокини деҳаи 18-ум Партсъезд даромада, аз он ҷо шаҳрванд Н.Т., соли таваллудаш 1942-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Урал”, ки ба шаҳрванд Н.Ш. тааллуқ дошт, савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, ӯро оташ зада, баъдан бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” ба қатл расонидаанд.

Барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандон А.З. ва Р.Г. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардидаааст.

Добавить комментарий