Натиҷаи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) дар гурӯҳи “D” маълум кард, ки се даста имкони ба даври дигар баромадан доранд. Барои «Истиқлол»-у «Хуҷанд» пирӯзӣ лозим аст, то имтиёзҳояшонро ба 10 расонанд ва соҳиби роҳхат шаванд.

Дар даври панҷум “Хуҷанд” дар майдони худ бар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисоб дар дақиқаи 4-ум бо голи задаи капитани мизбон Ҷаҳонгир Эргашев кушода шуд. Дар дақиқаи 30-юм бозингари Душанбе легионер Ҷалил Кимсанов ҳисобро баробар кард. Турсуналӣ Рустамов қабл аз танаффуси дастаҳо ҳисобро ба фоидаи дастаи шаҳри Хуҷанд афзуд – 2:1. Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 64-ум боз ҳам ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиоварро собиқ бозигари «Истиқлол» Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд ва «Хуҷанд»-ро дастболо кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 давр “Олтин Асир” бо 9 хол дар ҷои аввали ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 7-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюму сеюм, “Дордой” бо 5 хол дар мақоми охир ҷойгиранд.

Бозиҳои даври шашуми маҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 26-юми июн доир мегарданд. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе “Олтин Асир”-ро қабул мекунад, “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо “Дордой” вомехурад.

Добавить комментарий