Дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Нимаи аввали бозӣ бе гол сипарӣ гашт. Бозингарони “Истиқлол” дар нимаи дуюм ташаббусро ба даст гирифтанд ва дар дақиқаи 50-ум тавассути легионери арманӣ Руслан Корян ҳисобро кушоданд. Баъд аз 18 дақиқа ҳимоятгари “Хуҷанд” дар назди дарвозаи дастааш муқобили Муҳаммадҷон Раҳимов дағал бозӣ кард ва сардовар пеналтӣ таъин намуд, ки онро Алишер Ҷалилов иҷро карда, ҳисобро афзуд. Дар дақиқаи 72-юми вохурӣ Руслан Корян маротибаи дуюм дарвозаи ҳарифро рахна кард ва “Истиқлол” бо ҳисоби 3:0 бар “Хуҷанд пирӯз шуд.

Дар дидори дигари гурӯҳи “D” чемпиони Қирғизистон “Дордой” дар майдони худ бо тдастаи “Олтин Асир”-и Туркманистон мусовӣ бозӣ кард – 1:1.

Пас аз натиҷагирии даври аввал “Истиқлол” бо 3 имтиёз дар ҷои аввали ҷадвал мавқеъ гирифт. “Дордой” ва “Олтин Асир” якхолӣ гирифтанд.

Бозиҳои даври дуюми гурӯҳи “D” 17-уми апрел баргузор мешаванд. “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Олтин Асир”, “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Дордой” вомехӯранд.

Добавить комментарий