Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия бо иштироки 127 нафар аз тамоми минтақаҳои мамлакат ба анҷом расид ва ғолибон маълуму бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Имрониддин Сарфарозиддин.

Ҷойи дуюм — 25000  сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.

Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода .

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум — 25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои  Азизиён.

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.

Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.

Хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо бо гирифтани 225, 5 имтиёз барандаи Шоҳҷоиза шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here