Размикори ирландӣ Конор Макгрегор дар як паёми худ аз хотимаи фаъолияти варзишиаш хабар дод.

— Ман қарор кардам, ки фаъолияти варзишиамро хотима бахшам. Сипос ба ҳама барои лаҳзаҳои хуб! Ин роҳ, роҳи пуршараф ва баёдмонданӣ буд, — навиштаст Конор дар саҳифааш дар Твиттер.

Нахустин маротиба Конор соли 2016 ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Баъдан, боз  соли 2019 баъди муҳорибае ба муҳлати 10 рӯз тарки майдон карда, сипас дубора баргашт.

Дар давоми фаъолияти варзишиаш Макгрегор 26 бор ба октагон баромада, 22 маротиба пирӯз шудааст ва чор бор мағлуб гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here