Дар се моҳаи аввали соли 2019 аз кишвар 87 ҳазору 546 нафар шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардаанд, ки аз ин шумора 76 ҳазору 258 нафаррро мардон (87,1%) ва 11 ҳазору 288 нафари онро занон (12,9%) ташкил медиҳанд.

Ин нуктаро муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Маҳмадбекзода Моёншо дар як вохӯрии коршиносон, ки аз ҷониби Институти Ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR) дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуд. Дар чорабинии мазкур коршиносон, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва журналистон иштирок карданд.

Роҳбари Созмони ҷамъиятии “Перспектива +” Ойниҳол Бобоназарова қайд кард, барои дарки он, ки дар раванди муҳоҷират чӣ рух медиҳад, бояд стратегияи Тоҷикистон ва Русияро ба ҳам муқоиса намуд. Стратегияи миллии дар Русия қабулшуда аз решааш фарқ мекунад ва барои шаҳрвандоне, ки ба Русия мераванд, фишорро зиёдтар мегардонад.

Ӯ мегӯяд 35-40 дарсади муҳоҷиронро занон ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки ин шумора аз ҷониби мақомоти кишвар 15 % нишон дода мешавад.

“Ман дар тамоми минтақаҳои Русия будам, 35-40 дарсади муҳоҷиронро занон ташкил медиҳанд, вале тибқи иттилои расмӣ 15% нишон дода шудааст, ки хеле кам аст”, — гуфт Ойниҳол Бобоназарова.

Мушовири ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират Мавҷуда Азизова гуфт, айни ҳол 245 ҳазору 716 нафар шаҳрванди тоҷик дубора вурудашон ба Русия манъ шудаааст, ки ин ҳолат боз ҳам афзоиш меёбад, чун талаботи ҷоринамудаи Русия душвор аст.

“Дар айни ҳол 245 ҳазору 716 нафар шаҳрванди тоҷик дубора вурудашон ба Русия манъ шудаааст. Дар ин рӯйхат шаҳрвандоне дохил мешаванд, ки баъзеи онҳо қонунвайронкуниҳояшон ночиз аст ва ин рӯйхат афзоиш меёбад, чунки иҷро кардани талаботе, ки ҷониби Русия роҳандозӣ кардааст, барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ душвор аст”, — гуфт ӯ.

Тибқи иттилои Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз кишвар 484 ҳазору 176 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардаанд, ки аз ин шумора 419 ҳазору 664 нафари онро мардон (86,7%) ва 64 ҳазору 512 нафарро занон (13,3%) ташкил медиҳанд. Дар ин муддат 463 ҳазору 252 нафар муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия (95,7%) ва 13 ҳазору 586 (2,8%) нафар ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Ҳамзамон, дар ин муддат аз хориҷи кишвар 424 ҳазору 490 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки аз ин теъдод 352 ҳазору 245 нафарро мардон ва 72 ҳазору 245 нафари дигарро занон ташкил медиҳанд.

Добавить комментарий