Кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғл қочоқи 1 трасформатор, 2 ғалтак кабел ва 500 литр равғани трансформаторро бо маблағи 177 320 сомонӣ пешгирӣ карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-бенс» рақами қайди давлатиаш 37 69 ДД 02, ки таҳти ронандагии шаҳрванд Б. С., қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур 2 ғалтак кабели баландшиддати тамғаи КЛ-10 КВ 3х150 ва КЛ-10 КВ 3х240 ба миқдори умумии 992 метр, 1 адад трансформатори тамғаи ТС-1000 КВА ва як зарфи пластмасии ғунҷоишаш 500 литра бо равғани трансформатори истеҳсоли Федератсияи Русия мавҷуд будааст.

Моли мазкур ба шаҳрванд А.П., соли таваллудаш 1966 сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи роҳҳои ғайрирасмии деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷабор Расулов ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Тибқи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии моли мазкур дар маҷмӯъ 177 ҳазору 320 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд А. П., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Добавить комментарий