Ҳаҷми захираи оби обанбори Токтогули Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 19,5 миллиард метри мукаабро ташкил дода, то ба ҳадди ниҳоӣ расидааст. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ин обанбор бори охир зимистони солҳои 2010-2011 пур шуда буд.

Ба огаҳии ширкати «Истгоҳи барқ»-и Қирғизистон обанбор дар пайи зиёд шудани оби дарёҳо дар фасли тобистон пур шудааст, вале бо сард шудани ҳаво сатҳи оби дарёҳо низ дар ҳоли ҳозир поин рафта, афзоиши ҳаҷми захираи об дар оянда дар назар нест.

«Ҷойи нигаронӣ надорад. Ин як вазъи муқаррарӣ аст ва обҳо низ ҳамарӯза дар истифодаанд. Обанбор ва нерӯгоҳ бо назардошти ин гуна вазъ ва реҷаи корӣ бунёд шудаанд», — гуфтааст сухангӯи ширкат Тагжана Айдаралиева.

Нерӯгоҳи Токтогул дар Қирғизистон соли 1975 бунёд шуда, аз нигоҳи иқтидор дар Осиёи Марказӣ ҷойи дуюмро мегирад. Нерӯгоҳ қудрати содироти 1200 мегаватт нерӯи барқро дорад.

Моҳи майи соли равон ҳукумати Қирғизистон бозсозии ин нерӯгоҳро оғоз кард. Тарҳи бозсозии он аз се марҳила иборат аст. Мақомоти қирғиз тасмим доранд, ки тавонмандии нерӯгоҳро ба 240 МВт ва муҳлати истифодабарияшро то ба 35-40 сол афзоиш диҳанд.

Добавить комментарий