Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Тоҷикистон,  ки маросими ҳаҷро анҷом доданд, 11-уми сентябр бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Арабистони Саудӣ ба ватан бармегарданд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда 187 нафар ҳоҷиён  бо ҳавопаймои  Boeing 737-800 тариқи хатсайри «Мадина-Душанбе» ба Тоҷикистон меоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, гурӯҳи охирини хоҷиён, 25-уми сентябр ба ватан хоҳанд баргашт. Дар соли ҷорӣ 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маросими хаҷро анҷом доданд. Имсол барои ҳаҷ кардан ба зойирон 32 ҳазор сомонӣ лозим буд, ки ба 3630 доллар баробар аст.

Добавить комментарий