Ба унвони МТЖТ номае расид, ки ба номи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруф Афзалшоҳи Шодӣ буда, аз бемории ӯ ва дар Олмон табобат гирифтанашу дуогӯ будани дӯстонаш ҳикоят мекунад. Дар нома аз ҷумла омадааст:

“Устоди гиромиқадр, ҳампешаи азизу арҷуманд, ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ

Хабари ноҷурии тани шарифи Шумо ва ба кишвари Олмон баҳри

табобат рафтанатон барои мо дӯстону ҳамкорону мухлисонатон ногаҳонӣ буд. Шумо дар тӯли анқариб 40 соли фаъолияти ҳунариатон дар дилу дидаи мардуми шарифи Тоҷику Тоҷикистонӣ маскан гирифта, ба хонадони ҳар яки мо бо дилу нияти нек ба хотири болидаруҳии ҳаводорони санъату ҳунар қадам ранҷа намудаед.

Имрӯзҳо ҳамагон аз даргоҳи илоҳӣ илтиҷо мекунанд, ки Афзалшоҳи азизи мо ҳар чӣ зудтар аз маризӣ шифои комил ёфта, бо тани сиҳат ва димоғи чоқ ба Ватани биҳиштосои худ баргарданд.

Мо, дӯстони ҳамкори Шумо-кормандони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар фикри онем, ки Шумо, Устоди гиромӣ, тезтар шифо ёбеду дар ҳалқаи наздикону дӯстон бошед ва алоқамандони ҳунаратонро дар ҳама гуна нишасту маҳфилҳои унс ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштирокатон шоду масрур гардонед.

То умр боқист,

Базми туро миёнаи майдонам орзуст.

То меҳр соқист,

Ҳазли туро миёнаи дӯстонам орзуст.

Бо камоли меҳру ихлос, дуогӯйи Шумо

Олимҷон Солизода, Директори МД “ОДС”-и ДИПҶТ”

Ёдовар мешавем, ки ҳунарманди маъруф Афзалшоҳи Шодӣ бояд рӯзҳои 1 ва 2-юми май дар шаҳри Хуҷанд консерт баргузор мекард, аммо бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш ва ба хориҷ барои муолиҷа рафтан, ин консертро ба вақти дигар гузошт. Худи сароянда дар як навори видеоӣ аз як бемористони Олмон ба мардуми шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда гуфт, ки барои чунин шудани вазъ пӯзиш мехоҳад ва дар аввалин фурсат консерти ваъдагиро баргузор хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here