Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соли 2018-ум 5 корхона ва коргоҳи нав сохта шудааст, ки дар онҳо 92 нафар бо ҷойи кор таьмин шудаанд.

Раиси ноҳияи мазкур Абдуҷаббор Баҳодурзода дар нишасти хабариаш ба намояндагони ВАО гуфт? дар ноҳия соли гузашта 21 корхона ба қайд гирифта шудааст. Аз ин корхонаҳо 3 корхона фаъолият накарданд.

Раиси ноҳия зикр кард, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 155 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз инҳо соли гузашта 10 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

Аз иншоотҳое, ки сохта мешаванд ,бинои баландошёна, 50 синфхонаи иловагӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ ва дигар  намуди иншоот мебошанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here