Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз содир шудани чанд ҷинояти дуздӣ ва дастгир шудани дуздҳо хабар дод. Ғоратгарони ноболиғ дар Ҳисор мошинро дуздидаанд ва як дузди гузарои дигар дар Душанбе ба таври ошкоро аз дасти одамон телефонҳояшонро мерабудааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми феврали соли 2019, тахминан соати 04:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Зафира”-ро дуздидааанд. Зарари расонидашуда 20 000-сомониро ташкил медиҳад. Кормандони милитсия ду ноболиғи 15 ва 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 23-солаи сокини кӯчаи Яккачинори пойтахт муроҷиат кардааст, ки санаи 12-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Яккачинор қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг С-6», ки арзишаш 1500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаҳои 130 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир кардаанд. Дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 3-юми феврали соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Борбади пойтахт қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 27-солаи сокини кӯчаи Борбад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-6», ки арзишаш 2200 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамин тариқ, номбурда санаи 29-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Абай бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 23-солаи сокини кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе телефони мобилии тамғаи «Редми-6», ки арзишаш 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳамчунин, номбурда санаи 27-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Ҷаббор Расулов бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-3», ки арзишаш 1000 сомониро ташкил медиҳад, гирифтааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2019, тахминан соати 17:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра», ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 3 ҳазору 700 сомонӣ, 14 000 рубли ФР ва 7 адад ангуштарии нуқрагиро дуздидааанд. Зарари расонидашуда 7000 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Конибодом бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 32 ва 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд. Номбурдагон, шаби 8-ум ба 9-уми феврали соли 2019 ба ҳавлии истиқоматии зани 32-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ворид шуда, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз ӯ маблағи пулӣ 300 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, рабудаанд. Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here