Бо харҷи 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ дар ноҳияи Дустӣ дарвоза ва ҷой барои қабули меҳмонон бунёд шуда истодааст.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар дарвозаи ноҳияи Дустӣ соли гузашта оғоз гардида, дар назар аст, ки дар семоҳаи аавали соли 2019 ба итмом расад. Бино ба иттилои ӯ, барои бунёди дарвоза мутахасисони варзидаи маҳаллӣ ҷалб карда шуданд

Ба гуфти раиси ноҳия, инчунин, дар назди даромадгоҳи ноҳия дидбонгоҳи замонавӣ барои кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ низ бунёд хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Идибекзода Ҷӯрабек гуфт, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар айни замон бунёди 117 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ба гуфти ӯ, ҳоло бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ дар 40 иншоот идома дорад.

Манбаъ афзуд, ки соли 2018-ум дар ноҳияи Дустӣ 28 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд ва ҳоло дар чанд сохтмони дигар корҳо идома доранд.

Добавить комментарий