Шӯрои вазирони равобити иқтисод ва тиҷорати берунаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ин бор дар шаҳри Тошканд гирдиҳам омад. Ба ин созмон ҳашт кишвар — Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомиланд.

Вазирон лоиҳаи гузориши Котибияти созмон дар бораи рафти татбиқи барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ-ро дар таҳрири нав якдилона пазируфтанд. Ҳамчунин, дар ин гирдиҳамоӣ лоиҳаи гузориш барои тасвиб дар нишасти навбатии сарони ҳукумати кишварҳои аъзои СҲШ пешниҳод гардид, ки гуфта мешавад, 31 октябр-1 ноябри соли равон баргузор мегардад.

Дар нишасти Шӯрои вазирони равобити иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви ин созмони бонуфуз зимнан ба аҳамияти ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноат, барқ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, рушди фазоӣ, илм, экология ва ҳифзи муҳити зист таъкид карданд.

Ҳамчунин, дар ин гирдиҳамоии Шӯрои вазирони иқтисод ва тиҷорати берунаи ҳашт давлат масъалаи азхудкунии минтақаҳои дурдаст ва деҳоти кишварҳои аъзои СҲШ низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар он лоиҳаи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар рушди минтақаҳои дурдаст ва деҳот дар марҳилаи рақамӣ тасдиқ карда шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз механизми татбиқи лоиҳа онҳо пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Шаҳри Тошканд ин ҳафта мизбонии нишасти Шӯрои сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ-ро бар дӯш хоҳад дошт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

Добавить комментарий