Роҳбарони «чаҳоргонаи норманд» Владимир Путин, Ангела Меркел, Эммануэл Макрон ва Владимир Зеленский пас аз мулоқот дар Париж эъломияи оташбас ва мубодилаи дастгиршудагонро қабул карданд.

Ин иблоғия аз се нукта иборат аст: «Тадбирҳои фаврӣ барои мӯътадил сохтани вазъ дар минтақаи муноқиша», «Тадбирҳо барои татбиқи муқаррароти сиёсии созишномаҳои Минск» ва «Идома».

Ҳуҷҷат шартномаҳои Минскро дар Донбасс асоси кор дар формати «норманд» номидааст ва ҳавасмандии чоргонаро дар розӣ шудан ба мақоми махсуси минтақа изҳор мекунад. Эъломия, инчунин, хуруҷи нерӯҳо дар охири моҳи марти соли 2020 дар се нуқтаи нав дар Донбасс ва ифтитоҳи нуқтаҳои нави назоратиро дар давоми 30 рӯз пешбинӣ мекунад.

Илова бар ин, роҳбарони «чаҳоргонаи норманд» даъват карданд, ки мубодилаи дастгиршудагон дар Донбасс ба шакли «ҳамаро ба ҳама» таъмин гардад ва дастрасии пурра ва бечунучарои Салиби Сурх ба ҳама шахсони дастгиршуда низ таъмин шавад.

Ба гуфтаи президенти Фаронса Эммануэл Макрон, вохӯрии навбатӣ дар «чаҳоргонаи норманд» чор моҳ пас баргузор мешавад. Аз иблоғия бармеояд, ки яке аз мавзӯъҳои асосии он ташкили интихоботи маҳаллӣ дар Донбасс хоҳад буд.

Добавить комментарий