Футболбози маъруфи бразилӣ Неймар дар клуби фаронсави ПСЖ мавсими бадеро пушти сар кард: базӯр дар Лигаи 1 пирӯз шуд ва шармандавор дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Ҷоми Фаронса шикаст хӯрд.

Ба болои ин Неймар дар ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия натавонист, ки дар Ҷоми Амрико-2019 ширкат кунад, зеро дар бозӣ бо Қатар захм бардошт.

Нокомиҳо дар клуб, овозаҳои бепоён дар бораи даъвоҳои хурду реза имкони Неймарро барои соҳиб шудан ба «Тӯби тиллоӣ» кам карданд. Ду сол пеш вай аз «Барселона» рафт, то аз сояи Лионел Мессӣ халос шавад ва ба мақоми бозигари беҳтарини ҷаҳон даст ёбад, аммо ҳама чиз баракс шуд. Мессӣ дар 31-солагии худ ҳоло ҳам сариҳол асту медаваду гол мезанад ва дар пайи ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ» аст. Неймар хеле зиёд асабонӣ мешавад, бисёр вақт дар бораи аз клуб рафтан фикр мекунад. Ҳеҷ кас ӯро дастгирӣ намекунад. Мухлисон ҳам аз рафтани ӯ бетарафӣ зоҳир мекунанд. Президенти ПСЖ Носир Ал-Хелайфӣ ҳам ӯро сахт танбеҳ мекунад: «Ман дар ҳайат бозигареро дидан мехоҳам, ки пурра худро нишон диҳад, шарафи дастаро ҳимоя кунад ва барои амалӣ шудани нақшаҳои он ҷон канад. Бо ҳар касе, ки инро намехоҳад, ё фаҳмидан намехоҳад, мо вомехӯрем ва маслиҳат мекунем. Шартнома ҳаст ва онро бояд эҳтиромона иҷро кард. Ҳеҷ кас Неймарро маҷбур накардааст, ки ба шартнома имзо гузорад. Вай худаш бо далелҳои қотеъ ба ПСЖ гузашт».

Ҳоло Неймар дар пеш ду гузина дорад. Расонаҳои аврупоӣ аллакай як сол аст, ки ду клубро барои Неймар баъд аз ПСЖ ҷойи бозӣ медонанд.

Аввалӣ «Реал Мадрид» аст. Президенти ин клуб Флоретино Перес ба сармураббӣ Зайниддин Зидан 400 миллион евро барои трансфер ҷудо кардааст. 303 миллиони он аллакай барои харидани Азар, Йович, Милитао, Мендӣ ва Родриго сарф шудааст. Айни ҳол дар бораи Неймар дар ин клуб нақшаи аниқе нест. Вақтҳои охир танҳо як хабар рӯ зад: Мадрид гуфтааст, ки агар ПСЖ Неймарро доданист, Каземиро ба ин даста бахшида мешавад.

Дуюм «Барселона» аст. Дар атрофи ин гузариш чанд овоза ҳаст.

Якум, «Барселона» мехоҳад талаби ПСЖ кам (150 миллион евро) карда шавад. Барои ин испаниҳо бо ягон маблағе Коутиноро ба порисҳои доданианд. Худи бозигар зидди ин гузариш нест.

Дуюм, дар ҳолати ба чанд пешниҳод (кам шудани маош, сарфи назар кардан аз иддаои подоши идома додани қарордод) розӣ шудани Неймар «Барселона» омода аст, ӯро баргардонад. Неймар ба ин розӣ аст.

Сеюм, бино ба иттилои Diario Sport бисёре аз бозигарони «Барселона» ҷонибдори баргаштани Неймар будаанд.

Чорум, мешсафони «Барселона» Мессӣ ва Суарес дар ин бора бо рафиқашон суҳбат ҳам кардаанд.

Худи Неймар дар суҳбат бо Ал-Хелайфӣ гуфтааст, ки дар Порис бозӣ кардан намехоҳад ва танҳо дар фикри бозгашт ба Каталония аст.

Ва дар охир, овозаи асосӣ ва шояд воқеӣ ин аст, ки Неймар бо «Барселона» барои 5 сол шартномаи ҳамкорӣ бо маоши 24 миллион евро бастааст. Моҳонаи ӯ дар Порис 36,8 миллион евро буд. Ҳамчунин, футболбоз аз подоши 26 миллион евро, ки боиси баҳси додгоҳӣ бо даста буд, даст кашидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here