14-уми феврал дар аксари киварҳои дунё ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ошиқон ба ҳам гулу ширинивориҳо тақдим карда ба сайру саёҳат мебароянд. Дар бораи дар оянда ба висол расидан суҳбат мекунанд, ё агар ба висол расида бошад, онро бо ҳам ҷашн мегиранд. Лекин Рӯзи ошиқон ё ба истилоҳ “Рӯзи Валентин” таърихи на он қадар хушоянде дорад.

Тибқи гипотезаҳое, ки бори аввал дар асри ҳаждаҳ аз тарафи таърихшиноси Фаронса Тиллмонт ифода шудааст, ин ҷашн  ба калисоҳои Руми Қадим рост меояд. Ақидае низ ҳаст, ки Валентин аз табақаи ашроф буду дили ҳамсари ашрофзодаи дигареро ба даст овард. Ғайр аз ин ба духтари нобинои зиндоние, низ дил баста, тавассути хизматгорон дар акси “дил” нома навишта, ба ӯ мефиристод. Аз ин кори ӯ посбонҳо хабардор шуда, ба марг эъдомаш карданд. Валентин пеш аз марг ҳам дар сурати расми “дил” ба он зиндонидухтар нома фиристод. Пас аз ин, санаи мазкур чун Рӯзи ошиқон қайд карда мешавад. Рӯзноманигори рус Андрей Кураев бар он назар аст, ки Рӯзи Валентин сарфи назар аз чигунагиаш ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил шавад.

Дар Русся ин ҷашн табиатан дунявист ва аз оғози солҳои 90- уми асри 20 ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои коршиносони Маркази пажӯҳишии Левада, зиёда аз 81 даради писарону духтарони 18-24-сола ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Инчунин, коршиносон гуфтаанд, ки 53 дасради русҳо худро ошиқ меҳисобанд.

Дар Аврупо, анъанаи ҷашнгирии ин рӯз аз асрҳои 12-13 шурӯъ мешавад. Британиягиҳо аз асри 19 ба ин сӯ Рӯзи ошиқонро қайд мекунанд.  Дар Дания дар ин рӯз ошиқон ба ҳам гулҳои хушкидаи сафед тақдим мекунанд. Дар Австрия тӯҳфаи садбарги сурхи тару тоза мӯд аст. Дар Испания ошиқон ба ҳам дар ин рӯз гулҳои дӯстдоштаи худро месупоранд.

Ҷавонони Фаронса дар ин рӯз ба ҳам зеварҳои гаронбаҳо туҳфа мекунанд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи ошиқон барвақттар, аз соли 1777 ҷашн гирифта мешавад. Ошиқон ба ҳам акс “дил”-ии арзишманд медиҳанд. Канада ҳам шурӯъ аз асри 19 ин идро хуш истиқбол мегирад. Онҳо ҳам ба якдигар гулҳои хушкидаи сафед медиҳанд.

Дар ҳамин росто, кам кишварҳои Осиё аз ин ҷашн хуб истиқболи мекунад. Арабистони Саудӣ таҷлили Рӯзи ошиқонро барои ҷавононаш манъ кардааст.

Аммо Ҷопон Рӯзи ошиқонро аз солҳои 30-юми асри гузашта ҷашн мегирад. Ҷавонҷопониҳо бо ҳам дар ин рӯз шириниворӣ ва шоколадҳои сафед медиҳанд.

Аз ҳама бештар Рӯзи ошиқон дар Австралия хуб қайд мешавад. Австралиягиҳо дар ин рӯз бисёр фестивалҳо доранд, ки шумораи онҳо ҳар сол афзоиш меёбад. Тақрибан 90 фоизи ҷавонони аз 19 то 26-солаи Австралия ин рӯзро ҷашн мегиранд. Дар Австралия Рӯзи Валентин анъанаҳои хоси худро дорад. Ошиқон ба ҳам дар ин рӯз миқдори зиёди тилло ва садҳо ҳазор фунт туҳфа мекунанд

Бар хилофи таҷлили бошӯкуҳи рӯзи ошиқон дар ақсои олам, дар кишвари мо – Тоҷикистон рӯзи ошиқон ба таври бояду шояд қайд намешавад. Ҷавонон дар робита ба ин ҷашн фаҳмиши амиқе надоранд. Вобаста ба шинохти Рӯзи ошиқон бо чанде аз сокинони шаҳри Душанбе, махсусан ҷавонон сӯҳбат доштем.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ бар он назар аст, ки аслан  чунин  рӯзе дар  мо набуду  нест.

— Азбаски лафзи ишқ мақбулу писандида аст, таваҷҷуҳи мардум ҳамеша ба он ҳаст. Агар рӯзеро чун рӯзи ишқу ошиқон мепазиранд, ин ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки гуфтам, — мегуяд Саъдӣ Маҳдӣ. – Монеае нест.

Донишҷӯе бо исми Шаҳноза хилофи таҷлили ин рӯз аст.

— Дар як маҷалла хонда будам, ки шоҳзодаву духтаре ба ҳам ошиқ мешаванд, вале волидонашон ба оиладориашон розӣ  намешаванд. Онҳо ҳамдигарро рӯзи 14-ум мекушанд, — гуфт Шаҳноза.  — Ба ин муносибат ин  рӯзро Рӯзи ошиқон гуфтаанд.

Хонандаи дигар Сабрина Нигин, ки муҳассили мактаби миёна аст, дар сӯҳбат иброз намуд, “духтари хуб арзандаи он аст, то сари ҳар як дидор гул туҳфааш намоянд, на танҳо як рӯз. Ва боз ин ҷашн барои мо нест, тақлид ба Ғарб чӣ лозим”.

Хилофи андешаи Сабрина, эҷодкори ҷавон Нодираи Собирзод гуфт, ки ин рӯзро чун рӯзи алоҳидаи ошиқон қабул дорад.

— Гарчӣ таърихи он боиси нафрати хелеҳо гаштааст, вале бар гузашта салавот, — гуфт Нодира. — Сабаб ин, ки бояд як санаи махсусро қайд кард. Мехоҳам, ҷашни ҳар як ошиқ хотирмону нотакрор гузарад.

Нодира чӣ гуна таҷлил кардани онро ба ҷавонписарон рабт медонад:

— Ман ба ақидаи дигарон таваҷҷуҳ накарда, омоаи таҷлили ин рӯз ҳастам.

Аммо ҷавони дигар Некбахт Саидзода, ин рӯзро тамоман қабул надорад. Ӯ мегӯяд ки дар ин рӯз мисли ҳамеша аз пайи корҳо ва ташвиши рӯзгор мешавад.

Ҷавоне бо исми Самир таҷлили Рӯзи ошиқонро хуш дорад. Вай мегӯяд, ки “дар таърихи адабиёти бадеиву шифоҳии мо мисли Лайливу Маҷнун, Фарҳоду Ширин ва Вомиқу Азро ошиқони ноком зиёд буданд”. Самир ба он бовар аст, ки то ҳол ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши падару модар хонадор шуда аз ҳам ҷудо мегарданду то охири умр ишқи ӯро дар дил мепарваранд. Ҷавондухтари дигар Мижгона Шарифова низ мегӯяд, ки бигзор ин ид бошад, то шахсони воқеан ошиқ ба ҳам изҳори муҳаббат кунанд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Суннатулло Ҳомидзод таъкид кард, ки мехоҳад бо дӯстдоштааш меҳрубон бошад, туҳфае, ки арзишашро дорад, харад, бо ӯ хӯроки шом хӯрад.

Гулбаҳори Аламхон, донишҷӯйи донишгоҳ, дар ин рӯз интизори туҳфа аз шахсони наздикаш аст.

— Дар ин рӯз одамон ба ошиқон ё шахсони азизи худ гул ва ширинӣ туҳфа мекунанд, — иброз намуд Гулбаҳор. – Ва инчунин, як имконияти хуби дигар аст, то тавонем муҳаббати худро ба азизонамон баён кунем. Ман то ҳол аз касе туҳфа нагирифтаам , аммо аз азизону дӯстонам дар ин рӯз таманиёти нек умедворам.

Нафари дигар бо исми Шаҳрия сабаби то ҳол ҷашн нагирифтани ин рӯзро ба дӯстошта надоштанаш марбут донист. Вале донишҷӯдухтари дигар Наргис Назарзода аз будани чунин ид изҳори бехабарӣ кард.

— 14- уми феврал — Рӯзи ошиқон, ин чӣ гуна ид аст? Ман намедонам. Дар ҳаёти ман чунин рӯз ҷашн гирифта намешуд, ҳоло ҳам намешавад ва дар оянда низ чун рӯзҳои муқаррариям сипарӣ мешавад, — мегӯяд Наргис

Дар робита  ба ин масъала мо хостем назари шоири замонасарои ҷавон Кӯҳзодро фаҳмем, вале ӯ гуфт, ки бо ин савол ба ҷавонони ошиқ муроҷиат кунед, зеро ин рӯзро сахт танқид кардаанд. Шарм медорам то дар ин мавзӯъ ҳарф занам.

Дар миёни ҳамсӯҳбатони мо рӯзоманигор Доро Сӯҳробӣ ягона нафаре буд, ки Рӯзи ошиқонро бо некӣ ёд карда, хотираҳои хуб ва арҷгузориаш ба ин рӯзро, ба мо баён кард.

Ба андешаи Доро ҳама рӯзи бо ҳам будани ошиқон барояшон ҷашн аст. Аммо ҳақиқате ҳам ҳаст, ки аксарияти мо дар рӯзҳои дигар на ба дилдодаи хеш муҳаббатномае менависему на тӯҳфае мехарем.

— Аз ин рӯ, бигзор ин рӯз низ чун санаҳои дигар баҳонае барои гуфтани ҳарфи дил ба ҳамдигар бошад, — мегӯяд Доро. – Ман ҳамеша оне ҳастам, ки онам, аммо дар он рӯз меҳрубонтар ва самимитар аз рӯзҳои қабл бо ӯ муносибат мекунам. На барои он ки Рӯзи ошқон аст.

Доро ба он хотир ин рӯзро таҷлил мекунад, ки 2 сол пеш — 14- уми феврали соли 2018 ба зиндагиаш дӯстдухтараш омадааст.

— Ин рӯзро ман чун оғози як зиндагии нав ҷашн мегирам, — гуфт дар охири сӯҳбат Доро Сӯҳробӣ.

P.S. Ишқ муқаддас аст ва онро бояд гиромӣ дошт.  Бо вуҷуди он қадар гуногунназариҳо атрофи 14-уми феврал — Рӯзи ошиқон, ин рӯз ба ҳама нафарони ошиқ фархунда бод!

Добавить комментарий