Раёсати маҳфили “Боргоҳи сухан” тасмим дорад, ки номи барандагони ҷойизаҳояшро дар бахши адабиёт ва рӯзноманигорӣ эълом кунад.

6 апрели соли 2019, соати 10:30 дар толори “Боргоҳи сухан”, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, маҳфили наврӯзӣ бо ҳузури аҳли ҳунар ва фарҳанг баргузор мешавад.

Дар ин нишаст номи барандагони ҷойизаҳои “Боргоҳи сухан” дар бахшҳои адабиёт ва рӯзноманигорӣ дар соли 2018 эълом хоҳад шуд.

Раёсати ин маҳфил аз ҳамаи алоқамандони шеъру адаб даъват кардааст, ки дар ин маҳфили наврӯзӣ ширкат кунанд.

Добавить комментарий