Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

Бозӣ шоми 1-уми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Голи ягонаро Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расонд. Ин бозигар аз ҷониби довари эронӣ 2 корти зард гирифт (яке барои кашидани пероҳан ва дигаре қоидавайронкунӣ бар муқобили ҳариф) ва аз майдон ронда шуд. Наврасони Тоҷикистон бо ҳайати 10 нафар тавонистанд, ки ҳисобро нигоҳ доранд ва дастаашонро ба пирӯзӣ баранд.

Дар бозиҳои дигари даври панҷум Узбекистон ба дарвозаи Туркманистон 4 голи беҷавоб, Эрон ба дарвозаи Қирғизистон 5 голи беҷавоб заданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 13 хол ғолиби Чемпионати CAFA-2019 (U-16) шуд. Ҷои дуюмро бо 10 хол футболбозони Узбекистон ва мақоми сеюмро бо 9 хол футболбозони Эрон ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар чор даври қаблӣ бо Узбекистон мусовӣ (1:1) бозӣ карда, бар дастаҳои Қирғизистон (2:0), Туркманистон (3:0) ва Эрон (3:0) пирӯз шуд.

Баъд аз бозии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ маросими ҷоизасупории мусобиқа баргузор шуд. Ба ҳайати дастаи Эрон медалҳои биринҷӣ, ба дастаи Узбекистон медалҳои нуқра ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медалҳои тилло ва ҷом тақдим шуд.

Ҳуҷумкунандаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадворис Сайдалиев беҳтарин бозингари чемпионат, футболбози дастаи Афғонистон Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ беҳтарин нишонзан эътироф шуданд.

Добавить комментарий