Дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки дар Минск (Беларус) анҷом ёфт, дар финали ин мусобика аз дастаи мизбон – Беларус мағлуб шуд.

Наврасони Тоҷикистон дар ду вохӯрии гуруҳӣ ду пирӯзӣ ба даст оварданд ва соҳиби 6 имтиёз шуданду аз гуруҳи В ба финал баромаданд. Аз гуруҳи дигар дастаи 17-солаҳои Беларус бо 7 имтиёз ба финал баромад. Бозии финалӣ шоми 25-уми январ баргузор шуд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар қисми якум ду гол ба даврозаи Беларус заданд ва гумон карданд, ки бо ҳамин натиҷаи бозӣ анҷомёфтааст, аммо соҳибони майдон дар қисми дуюм аввал як гол заданду сипас баъди аз майдон ронда шудани як бозигари Тоҷикистон (Муҷовид Шовайсиддинов, дақиқаи 71) ҳисобро баробар карданд. Вақти асосӣ бо натиҷаи 2:2 хотима ёфт. Мувофиқи низомномаи ин мусобиқа дастаҳо барои муайян кардани ғолиб пеналтӣ заданд. Дар задани пеналтӣ ва баргардондани он бозигарон ва дарвозабони Беларус бомаҳораттар буданд. Натиҷа ин шуд, ки онҳо аз 5 имкон хуб истифода бурданд  ва зарбаи як бозигари моро дарвозабонашон баргардонд. 5:4 ва Беларус ғолиби мусобиқаи “Ҷоми рушд-2020” шуд. Форвади дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов бо 3 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа эълон шуд.

Барои ҷойҳои 7-8

– Ӯзбекистан (U-16) – Исланд (U-17) — 1:2

Барои ҷойҳои 5-6

Финланд (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:0

Барои ҷойҳои 3-4

Белгия (U-17) – Исроил (U-17) — 5:0

Финал

Беларус (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 2:2 (5:4 пен)

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 9 (0:1). Сунатулло Азизов, 39 (0:2). Кунский, 57 (1:2). Марчук, 80+3 (2:2).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here