Дастаи  мунтахаби наврасони футболбои Тоҷикистон (U-17) имрӯз ба Бразилия сафар кард, то дар Чемпионати ҷаҳонии футбол-2019 миёни наврасон ширкат кунад. Ҳайати даста тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул ба шаҳри Сан-Паулуи Бразилия парвоз кард.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасон 21 бозигар — 3 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳуҷумкунанда ҳастанд. Даста пеш аз сафар дар Кохи Наврӯзи Душанбе бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вохӯрӣ дошт. «Сокинони сарбаланди мамлакат аз насли навраси футболбоз умеди зиёд дошта, ба онҳо эътимод доранд. Қатъи назар аз рақиб шуморо мебояд бо боварӣ дар майдон тӯбронӣ карда, баҳри баланд бардоштани эътибору нуфузи футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва парафшонии парчами миллии ҷумҳуриамон  талош варзед», — иброз дошт президенти ФФТ.

Дар Ҷоми ҷаҳонии 2019 (U-17), ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи E бо дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ хоҳад кард.

Дар даври аввали Ҷоми ҷаҳонии 2019, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр бо дастаи мунтахаби Камерун, ки Африқоро намояндагӣ мекунад, вомехӯрад. Дар даври дуюм, 31 октябр, ҷавонони мо бо ҳамсолони аврупоии худ аз Испания бозӣ хоҳанд кард. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр шогирдони Зайниддин Раҳимов бо дастаи қораи Амрикои Ҷанубӣ — Аргентина вомехӯранд.

Ҳама бозӣ бо иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи Эстадио Клебер Андраде дар шаҳри Кариасики Бразилия баргузор мешавад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ҷудо карда шуданд. Ба даври дигари Ҷоми ҷаҳон-2019 ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ, инчунин, 4 дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои сеюмро дар гуруҳи худ гирифтанд, роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Муҳофизатгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизатгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ: Зайниддин Раҳимов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here