Дар кишвари Белорус мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасон бо номи “Ҷоми пешрафт-2019” баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин мусобиқа даври омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Перу баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Мусобиқа 20-28 январи соли оянда бо иштироки 12 дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола дар Минск (Белорус) баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа наврасони Тоҷикистон, Белорус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молодова, Словакия, Украина ва Финландия барои ҷом мубориза мебаранд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони мо ба гурӯҳи “А” дохил шуд, ки бо дастаҳои Белорус, Белгия ва Финландия бозӣ мекунад. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои Исландия, Исроил, Молдова ва гурӯҳи “С” аз дастаҳои Украина, Словакия, Булғория, Литва таркиб ёфтанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ тариқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷои аввалро ишғол мекунанд, ҳамчунин, беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо мусобиқаро идома медиҳанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюм бо ду дастаи беҳтари ҷои сеюм барои ҷойҳои 5-8, боқимонда дастаҳо, ки натиҷаи паст нишон медиҳанд, барои ҷойҳои 9-12 бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон дар Минск аз соли 2005 баргузор мешавад. Аз ҳама бештар наврасони Русия ҷомро ба даст овардааст (2008, 2010, 2014, 2015, 2017), чор маротиба Украина (2009, 2012, 2013, 2016), думаротибаӣ Белорус (2006, 2007) ва Белгия (2011, 2013) шаҳди ғалабаро чашидаанд.

Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирок дар “Ҷоми пешрафт-2019” як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Тирамоҳи имсол шогирдони Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 хуб баромад карда, сазовори медалҳои нуқра гардиданд. Футболбозони навраси мо то финали чемпионат роҳ ёфта, дар бозии ниҳоӣ аз Ҷопон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд.

Ҳарифони дастаи наврасони мо дар чемпионати ҷаҳон-2019 14-уми майи соли 2019, ки маросими қуръакашии чемпионат баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд. Дар чемпионати ҷаҳон 24 даста, ки тариқи мусобиқаҳои қитъавӣ интихоб шудаанд, иштирок мекунанд. Дар ҳоли ҳозир 7 даста соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардидаанд: Перу (мизбон), Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ (аз Осиё), Зеландияи Нав, Ҷазираҳои Соломон (аз Уқёнус).

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) барои дарёфти “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск

Гурӯҳи «А»: Белорус, Финландия, Тоҷикистон, Белгия.

Гурӯҳи «В»: Исландия, Исроил, Молдова, Гурҷистон.

Гурӯҳи «С»: Украина, Словакия, Булғористон, Литва.

Добавить комментарий