Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний гуфт, дар Чеченистон “низоми тундгарои исломӣ” таъсис шудааст, ки бо “артиши маргталаб”-аш Русия ва тамоми ҷаҳонро таҳдид мекунад. Ӯ ин суханонро дар саҳифи фейсбукии худ навиштааст. 

Дар гирдиҳамоие, ки рӯзи 4-уми сентябр сурат гирифт, роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров бо таҳдид гуфт, артиши чандҳазораашро ба Мянмар хоҳад фиристод.

“Ва ҳар кадом аз ин ҷангиён маргро бештар аз он дӯст медоранд, ки онҳо … зиндагиро”, — афзуд намояндаи Қодиров. Навалний ин ҳарфҳоро бо изҳороти террористон баробар донистааст.

Гирдиҳамоии 4 сентябр дар Грозний ба хотири пуштибонӣ аз мусалмонони Мянмар баргузор шуд. Роҳбарияти Чеченистон мегӯяд, дар ин гирдиҳамоӣ бештар аз як миллион одам ширкат кардааст.

Ахиран бо пуштибонӣ аз мусалмонони Роҳингя назди сафорати Мянмар дар Москва низ эътироз баргузор шуд. Қодиров баъдтар гуфт, агар Москва аз таъқибҳои мусалмонон дар Мянмар пуштибонӣ мекунад, пас вай зидди мавқеи Русия хоҳад буд.

Добавить комментарий