16-уми июли соли 2019 дар маҷмааи «Душанбе Плаза» конфронс оид ба Шарҳи барномаҳои минтақавии USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон дар солҳои 2014-2019 баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ташкил гардида, дар он дастовардҳои Лоиҳаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва барномаҳои «Чолиш ба бемории сил» дар давоми панҷ соли охир дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои номбурда, инчунин муассисаҳои давлатӣ ва хусусии ҳифзи саломатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, кормандони тиб ва собиқ беморони тиб аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон иштирок намуданд.
Барномаҳои USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва Чолиш ба бемории сил дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳандозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро бо пешниҳоди усулҳои нисбатан самаранок ва дастраси табобат, ташхис ва пешгирии бемории сил дастгирӣ намудаанд. Ҳадафи асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил бо маблағи $13,2 миллион ва Барномаи Чолиш ба бемории сил бо маблағи $3,1 миллион ин кам кардани бори вазнини беморӣ дар Тоҷикистон ва пешгирии шаклҳои ба дорувори зиёд устувори сил мебошад.
Дар давоми панҷ соли охир дар доираи фаъолияти Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва Лоиҳаи Чолиш ба бемории сил 860,000 нафар аҳолӣ аз тамоми ҷамоатҳои кишвар бо маълумоти асосӣ оид ба беморӣ, муоинаи тиббӣ ва табобату дастгирӣ фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, наздики 3,500 кормандони тиб ва кормандони иҷтимоӣ бо усулҳои навтарини пешгирӣ ва табобати бемории сил, ки ба талабот ва ниёзҳои бемор асос ёфтаанд, омӯзонида шудаанд. Барномаҳо инчунин Системаи электронии бақайдгирии бемории силро ҷорӣ сохтаанд. Системаи мазкур воситаи пурқудрате барои кормандони тиб ва роҳбарияти муассисаҳо мебошад, ки акнун тавассути он бо харҷи камтарин маълумоти аниқ ва бехаторо оид ба беморӣ ҷамъоварӣ карда, ҳолати бемориро дар кишвар арзёбӣ ва баҳогузорӣ менамоянд, то хизматрасониҳоро оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил дар Тоҷикистон беҳтар гардонанд. Дар чил ноҳияи кишвар, ки 70 фоизи масоҳати умумиро ташкил медиҳад, реҷаи нави табобати кӯтоҳмуддат бо дорувори нав дастрас гардидааст. Аз моҳи декабри соли 2016 то анҷоми нимсолаи аввали соли 2019 Лоиҳаи Чолиш ба бемории сил зиёда аз 500 нафар беморро бо реҷаҳои мазкур ба табобат фаро гирифта, алҳол зиёда аз 100 нафар комилан шифо ёфта, боқимондаҳо муолиҷаро идома медиҳанд.
Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва Лоиҳаи Чолиш ба бемории сил намунаи дигари дастгирии ҳукумати ИМА аст, ки дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои беҳтаргардонии саломатии шаҳрвандони кишвари мо фаъолият мебарад. Кӯмакҳои грантии USAID ба Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна $30 миллионро ташкил медиҳад, ки аз он 30 % ба соҳаи ҳифзи тандурустӣ равона гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here