Созмони Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯйхати 342 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз моҳи августи соли 2016 то феврали соли 2017, танҳо дар шаҳру вилояти Маскав бо сабабҳои гуногун вафот кардаанд, нашр кард.

Роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик Каромат Шарипов дар шарҳи ин рӯйхат  таслияти худро ба падарону модарон, ҳамсарону фарзандон, наздикон ва тамоми мардуми Тоҷикистон расонда гуфтааст, ки инҳо касонеанд, ки дур аз Ватан, ба таҳқиру паст заданҳо ва азобу машаққат тоқат карда, ба хотири мавҷудияти хонаводаҳои худ заҳмат мекашиданд.

Ҳамзамон, роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони корӣ омори муҳоҷирони дар шаҳру вилояти Маскав бударо ёдоварӣ кардааст, ки ин рӯйхат танҳо он муҳоҷирони дар Русия вафоткардаро дар бар мегирад, ки ҷанозаҳояшон тавассути идораҳои гӯручӯб ва бо ширкати намояндагони Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристода шудаанд. “Ин, ки боз ҷанозаи чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия хок шудаанд, Худо медонад. 20 сол боз беҳтаринҳои мо аз дунё мераванд – ҳама ҷавон, ҳама қобили кор, ҳама онҳое, ки мебоист ҳанӯз зиндагӣ мекарданд…”, — таассуф хурдааст Шарипов.

Тибқи омори расмӣ, ҳамасола аз Тоҷикистон то 1 миллион нафар барои кор ва таъмини рӯзгори худ ба Русия мераванд ва ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик бо зиндагӣ падруд мегӯянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here