Таваҷҷуҳи хоса ба муштарӣ дар замони муосир барои ҳар як ширкат на фақат қонуни тиҷорат, балки асоси пешрафт ва фаъолияти босамар дар бозор аст. Бар пояи ин, ширкати Tcell, ки имрӯз наздики 3 миллион муштарӣ дорад, иртибот бо онҳоро аз авлавиятҳои фаъолияти худ қарор медиҳад: посух додан ба ҳама гуна суоли муштариён дар бораи сатҳу сифати иртибот, дарки мушкилот ва дархости муштариён, инчунин ҳалли проблемаҳои марбути алоқа ва хизматрасонӣ.

Tcell як қатор абзорҳоро пешниҳод менамояд, ки муштарӣ вақти худро беҳуда сарф накарда, мустақилона дар бораи хизматрасонӣ ва тарофаҳо маълумоти муфид мегирад. Таври мисол, ба ҷои тамос бо маркази хизматрасонӣ ё рафтан ба он ҷо, муштарӣ имкон дорад барномаи “Tcell-и ман” (Мой Tcell)-ро боргирӣ кунад, ё суолашро бевосита ба пайёмрасони “Чат-бот дар Telegram” ирсол намояд. Чунин абзорҳо ба ғайр аз пешниҳоди маълумот, дар мавриди идораи хидматрасониҳо низ кӯмак менамоянд: пайваст ва ё қатъ кардани тарофаву хизматрасониҳо, тафтиши тавозуни телефону бақияи ҳисоби ҷорӣ, мушоҳидаи фаъолиятҳои ахири муштарӣ.

Беҳтарин абзорҳои худхизматрасонӣ аз Tcell дар ҳоли ҳозир — барномаи Tcell-и ман” (Мой Tcell), портали ягонаи иттилоотии *105# ва Чат-бот дар мессенҷери Telegram мебошанд.

Добавить комментарий