Истеҳсоли тухми мурғ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва дар баробари ин арзиши он низ боло рафтааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, истеҳсоли тухми мурғ аз сабаби фаъолияти хоҷагиҳои нави тузмпарварӣ ва барқарорсозии корхонаҳои пешинаи саноатӣ афзудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳашт моҳи соли равон дар кишвар зиёда аз 238,7 млн. тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 дарсад зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ аз рӯйи нақша 500 миллион тухм истеҳсол хоҳад шуд. Вазорати кишоварзӣ инчунин хабар дод, ки афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ (мурғи бройлер) афзоиш меёбад. Дар ин давра беш аз 7,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52% бештар аст.

Корхонаҳои нав, ки дар истеҳсоли гӯшти мурғ кор мекунанд, ба афзоиши истеҳсолот мусоидат мекунанд. Айни замон, дар кишвар 9 адад чунин корхона вуҷуд доранд.

Агар як моҳ қабл арзиши як қуттии картонин тухми мурғ (30 адад) қариб 21 сомонӣ (70 дирамӣ)-ро ташкил мекард, ҳоло ин ба 27 сомонӣ (90 дирам барои як адад) расидааст.

Добавить комментарий