Дар шаҳри Маскави кишвари Русия арзиши патенти корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ  аз 1-уми январи соли 2019-ум 5 ҳазор рубл муқаррар гардид. Қаблан арзиши патент дар шаҳри  Маскав 4,5 ҳазор рублро ташкил медод.   

Парлумони шаҳри Маскав, дар охири моҳи ноябри соли 2018 дар ин бора ба қонун тағйиру иловаҳо ворид карда буд. 

Бино ба иттилои раиси комиссияи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии парлумони шаҳри Маскав Людмила Гусева, ба шаҳри Маскав бояд он муҳоҷироне биёянд, ки  маълумоти олии касбӣ дошта бошанд.   

Қаблан ӯ таъкид карда буд, ки боло бурдани нархи патент, барои пур кардани буҷаи кишвар кумак мерасонад ва маблағҳои воридшуда ба ниёзмандиҳои иҷтимоӣ равона мегардад. 

Дар баробари тасмими шаҳри Маскав дар бораи боло бурдани нархи патент барои муҳоҷирон, чунин тасмимро парлумони вилояти назди Маскав низ гирифт. Аз 1-уми январи соли 2019 дар ин минтақа нархи патент 450 рубл зиёд шуда ба 4 ҳазору 750 рубл расидааст.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, дар натиҷаи ҷорӣ намудани патент сатҳи содир намудани ҷиноят аз тарафи муҳоҷирон дар пойтахти Русия коҳиш ёфтааст.

“Ҳоло беш аз 70 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ сабти иқомат мекунанд ва патент мегиранд. Онҳо дар бораи худ пурра маълумот мегузоранд, мо онҳоро мебинем ва медонем дар куҷо ҳастанд. Ин раванд  содир намудани ҷиноят дар соҳаи муҳоҷиратро коҳиш додааст”, — эълон карда буд Собянин.

Добавить комментарий