Корхонаи воҳиди давлатии обу корези Душанбе мунтаҳо боло рафтани нархи оби нӯшокӣ ва хидматрасонии корезрро дар пойтхат тасдиқ кард ва гуфт, ки сокинони шаҳр бояд барои 1 метри кубӣ об 2,34 сомонӣ пардохт кунанд.

Аз КВД обу корез хабар расида, ки аз 15-уми октябр аҳолии шаҳр бояд барои 1 метри кубӣ об 0,78 сомонӣ пардохт кунанд. Аз ин 0,58 барои оби нӯшокӣ ва 0,20 сомонӣ барои корез аст, аммо дар ҷамъ бояд ба хазинаи давлат 2,34 сомонӣ супоранд.

Арзиши об дар маҷмӯъ бо назардошти коэффисенти 3 бояд 2,34 сомонӣ шавад. Сокиноне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак доранд, барои як метри кубӣ обу корез 2,34 сомонӣ медиҳанд, онҳое, ки ҳисобкунак надоранд, ҳар моҳ ба сари ҳар фарди оила бояд 8,42 сомонӣ пардохт кунанд.

Вақте дар хонаҳои шаҳр ҳисобкунак насб карда шуд ва аҳолӣ барои оби истифодашуда маблағ пардохт кард, маълум шудааст, ки корхона зиён дидааст. Коэффисенти 3 барои дастгирии КВД обу корези Душанбе аз тарафи шаҳрдорӣ роҳандозӣ шудааст.

Акнун созмонҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла сафоратхонаҳо ва намояндагии кишварҳои хориҷии муқими Душанбе барои 1 метри кубӣ об бояд 6 сомониву 73 дирам диҳанд. Барои корҳонаҳои буҷетӣ нархи об аз 1 январи сроли 2019 барои 1 метри кубӣ 2,66 сомонӣ муқаррар шудааст.

То ин дам барои 1 метри кубӣ об аҳолӣ 0,625 сомонӣ, корхонаҳои буҷетӣ 1,97 сомонӣ ва ташкилоти тиҷоратӣ 5,38 сомонӣ пардохт мекарданд.  

Добавить комментарий