Parstoday дар қавл аз навиштаи сомонаи top.tj хабар дод, ки Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барномаи ҳукуматиро дар мавриди афзоиши тадриҷии нархи барқ мунташир кардааст, ки ин нишондиҳанда то соли 2020 наздик ба 30 дарсад хоҳад буд.

Бар асоси ин барнома, нархи ҳар киловатт/соат барқ дар барои аҳолӣ имсол ҳафт дарсад, дар ду соли оянда ҳашт дарсад ва дар соли 2020 наздик ба 10 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт/соат барқ барои бахши аҳолӣ 14,6 дирам аст.

Ҳамчунин барои марказҳои саноатӣ ва тавлидӣ нархи ҳар киловатт/соат барқ дар соли 2018 ба мизони 9/9 дарсад, дар соли 2019 ба андозаи 8/4 дарсад ва дар соли 2020 низ 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Барои Корхонаи алюминии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт/соат барқ дар фасли тобистон 7/2 дирам ва дар замистон 11/8 дирам таъйин шудааст.

Масъулони ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мегӯянд, нархи барқи тавлидушад дар нирӯгоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон ду дирам ва дар Марказҳои ҳароратӣ 21 дирам аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумат ба Вазорати энергетика ва захираҳои обии кишвар дастур додааст, ки тарзи нави пардохти пули барқро ҷорӣ кунад. Бар асоси ин муқаррарот, истифодабарандагони барқ вазифадор мешаванд дар оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии “Барқи тоҷик” гузаронанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо танҳо бо доштани корти дорои маблағ имконпазир хоҳад буд.

Коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, теъдоди зиёде аз мардуми Тоҷикистон ба далели надоштани ҷои кори доим, ҳуқуқ ва музди муътадил надоранд ва ҷорӣ кардани усули пешпардохти пули барқ, онҳоро аз дарёфти барқ маҳрум хоҳад кард.

Добавить комментарий