Дар фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд-2019 намояндагони беш аз сад кишвари дунё ширкат доранд. Дар байни меҳмонони фестивал як гурӯҳ ҳунармандони тоҷик низ ҳастанд, ки  маҳсулоти гуногуни ҳунармандии худро барои намоиш овардаанд.

Мухбири махсуси “Фараж” бо раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии ҳунармандони вилояти Суғд Салимабону Каримова сӯҳбати ихтисосӣ анҷом додааст, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон мегардад.

— Ба фестивали байналмилалии ҳунармандӣ хуш омадед.

— Ташаккур. Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки дар ин гуна фестивали бонуфузи байналмилалӣ ширкат мекунем. Шаҳри бостонии Қӯқанд аз шаҳрҳои ҳамсояи мо мебошад. Фестивале, ки маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ шудааст, майдони намоиш додани маҳсулоти ҳунармандӣ, тараннуми созу суруд, фарҳангу адаб ва дӯстиву рафоқат байни халқ арзёбӣ метавон кард. Фикр мекунам, ки чорабинии мазкур, қабл аз ҳама, риштаҳои дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббати мардуми моро бо мардуми меҳмоннавози Ӯзбекистони ҳамҷавор боз ҳам бештар таҳким мебахшад. Гузашта аз ин, фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд барои мо дари имкониятҳоро ҷиҳати ба роҳ андохтани ҳамкориҳои доманфарох низ васеътар хоҳад кушод.

— Ҳунармандони шумо ба фестивал бо чӣ дастовезҳо омадаанд?

— Ҳоло мо растаи хоси худро дар ин майдони сарсабзу хуррам муназзам месозем. Баъд метавонем маҳсулоти ҳунармандони худро дар маърази иштирокчиёни фестивал қарор диҳем. Ашёе, ки мо ба фестивал армуғон овардаем, маҳсули дастони як гурӯҳ ҳунармандони суғдист, ки ғайр аз қаламрави Тоҷикистон дар берун аз он низ хеле шуҳрати зиёд пайдо кардаанд. Маҳсулотамон аз маводи кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, ҷузвдонҳои миллӣ, кордҳои гуногун, зарфҳои мухталифшакли кулолгарӣ, саноеъи аз чӯбу маводи дигар сохташуда, либосҳои гуногуни тоҷикӣ ва амсоли он иборатанд.

— Ба назари шумо аҳли ҳунари вилояти Суғд аз фестивал чиҳоро интизоранд?

— Пеш аз ҳама, мо дар баробари намоиш додани маҳсулоти худ, бо маҳсулоти аҳли ҳунари соири вилоятҳои Ӯзбекистон, ҳамчунин, ҳунармандони кишварҳои дуру наздик, ки дар фестивал ширкат доранд,  аз наздик ошно мешаванд, бо ҳам табодули таҷриба мекунанд. Ин фестивал, бидуни иштибоҳ, таккони бузурге дар тавсеаи фаъолиятҳои ҳунармандони мо низ хоҳад буд.

— Боз чӣ гуфтанӣ доред?

Зимнан ҷоиз медонам, ки ду байт аз як шеъри худ хонам, ки маҳз ба ҳамин фестивал ва мизбонони он бахшида шудааст:

Дӯстон, моён саломи тоҷикон овардаем,

Меҳру лутфи тоҷиконро армуғон овардаем,

Тӯшаи аҳли зиё аз баҳри инсон дӯстист,

Дӯстиро ҳам зи номи суғдиён овардаем.

 — Сипос барои суҳбат.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири махсуси “Фараж”, шаҳри Қӯқанд, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here