Аз 1 то 31 декабри соли 2018 дар толори меҳмонхонаи «Шумон» намоиши асарҳои рассоми маъруфи Тоҷикистон Бахтиёр Одинаев баргузор мегардад.

Бахтиёр Одинаев хатмкардаи Омӯзшгоҳи рассомии ҷумҳурӣ буда, соли 1990 Донишкадаи рассомии Тошкандро хатм кардааст. Бахтиёр мутахассиси сиромик (сафолот) ба шумор меравад ва чун рассом дар мавзӯоти жонрӣ асар меофарад.

Бахтиёр Одинаев аъзои Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон ва Иттиҳоди тарроҳонӣ Тоҷикистон мебошад. Асарҳои ӯ дар Осорхонаи миллии кишвар дар ҳоли намоиш ҳастанд.

Бахтиёр Одинаев иштирокчии намоишгоҳҳои зиёди байналмиллалӣ дар Русия, Қазоқистон, Туркия, ИМА, Олмон, Чин ва Фаронса буда, асарҳои ӯ дар маҷмӯаҳои хусусии кишварҳои Аврупо, Русия, ИМА ва Шарқ қарор доранд.

Асарҳои ин рассом доиман дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат меварзанд. Ҳар асари ин рассоми боистеъдод дар толори меҳмонхона низ ҷои сазовори худро пайдо кардааст.

Хоҳишмандон метавонанд бо асарҳои рассоми маъруфи тоҷик Бахтиёр Одинаев ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20%00 дар толори меҳмонхонаи «Шумон» (Душанбе, куч. Фотеҳ Ниёзӣ 34, Меҳмонхонаи «Шумон» тел: 446400108 нишонӣ қаноти рости бинои Бемористони Ибни Сино, рӯ ба рӯи Боғи Парчам) ошно гарданд.

Зимни ошноӣ бо асарҳои рассом, имкони харидани асарҳо ҳаст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here