Клуби футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) дар меҳмонӣ бо дастаи “Аҳал”-и Туркманистон мусовӣ (1:1) бозӣ кард.

Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи шаҳри Ашқобод баргузор гардид. Ҳисобро дар дақиқаи 18 ҳуҷумкунандаи дастаи шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев кушод. Баъд аз 10 дақиқа мизбонон тавассути голи Дидор Дурдиев ҳисобро баробар карданд – 1:1 ва бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт.

Бозии ҷавобии дастаҳо 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Дар сурати пирӯзӣ дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи Марказӣ роҳхат мегирад ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Добавить комментарий