Баҳодур Усмонов қаҳрамони вазни -64 кг дар мусобиқоти бокс байни мардони Осиё шуд. Чемпионати бокси Осиё миёни мардҳо ва бонувон дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад.

Ин варзишгари тоҷик имрӯз дар финал бо муштзани Урдун Обада Ал-Касбе набард кард ва пирӯз гардид. Баҳодур Усмонов 25-уми апрел дар даври нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев пирӯз гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд, спас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ва дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here