Ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак 185 муроҷиат дар соли 2018 ворид шудааст, ки ин ниҳод барои ҳалли 18 ҳолати он мусоидат кардааст. Ин нуқтаро ваколатдори ҳуқуқи нақзи кӯдак Раҷабмо Ҳабибуллозода зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори faraj.tj иброз дошт. 

“Дар дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 185 муроҷиат соли гузашта дар бораи ҳуқуқи кӯдакон ворид шуда буд, ки на ҳамаи ин муроҷиатҳо аз нақзи ҳуқуқи кӯдак дарак медиҳанд. Ҳолатҳои хеле каме ҳаст, ки ба поймол шудани ҳуқуқи кӯдак рабт дорад, вале дар аксарияти мавридҳо шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат барои амалӣ шудани ҳуқуқи кӯдак муроҷиат мекунанд”, — гуфт ӯ.

Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки 18 ҳолати он дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҳалли худро ёфтанд.

“Аз ҳамин миқдори муроҷиатҳое, ки ба мо ворид шуданд, барои ҳалли 18 ҳолати он дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва бо комиссияи ҳуқуқи кӯдак мусоидат кардем”, — афзуд ваколатдор.

1 бинависед

  1. Аз 185 муроҷиат дар соли 2018 барои ҳалли 18 ҳолати он мусоидат шудааст. Ин яъне хатто 10 фоиз нест. Хулоса фаъолият гайриканотабахш.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here