21-уми март бар асари боронҳои бошиддат дар деҳаҳои Ҳалқаҷару Пахтакори ноҳияи Хуросон, Меҳрободи Зафаробод ва Қумриободу Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сел омада, ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хонҳои истиқоматии сокинон хисорати ҷиддӣ расонд.

Аз омадани сел бештар сокинони деҳаи Ҳалқаҷар зиён диданд. Сел дар ин деҳа  хисороти ҷонӣ низ ба ҷо гузошт. Қаблан сокинони деҳаи Ҳалқаҷар аз мақомоти кишвар хоста буданд, то дар бартарафсозии офатҳои табиӣ ба онҳо ёрӣ кунанд.

Тавре аз Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Faraj.tj гуфтанд, 25-уми март муовини сарвазири кишвар Давлатшо Гулмуҳаммадзода аз минтақаи осебдида дидан карда, дар ҷаласаи ситоди фаврӣ вазъи ҷойдоштаро таҳлил кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки то имрӯз аз ҷониби сарбозони кумита 32 хонаи истиқоматӣ, 200 метр ҷӯйбор ва 410 метр заҳбурҳо аз лойқаи сел тоза гардида, дар 264 хонаи дигар ва бинои мактаб барои бехатарии саломатии сокинон корҳои дезинфексионӣ гузаронида шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here